РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров мулоқот намуд

8 сентябр дар шаҳри Гулистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоровро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати меҳмононро, ки ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои идона ба муносибати 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф оварданд, хайрамақдам гуфт.

Дар мулоқоти дуҷониба таъкид гардид, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ миёни минтақаҳои ду кишвар тавсеа ёфта, мубодилаи молу маҳсулот дар ҳоли афзоиш аст.

Ҷонибҳо бо ёдоварӣ аз имкониятҳои мавҷуда барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ изҳори омодагӣ намуда, аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстона изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Имрӯз гурӯҳи калони меҳмонон бо роҳбарии ҳокими вилояти Фарғона ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Дар назар аст, ки давоми рӯз мулоқоти намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони ду тараф доир шуда, ҷонибҳо баҳри таҳкими ҳамкориҳо мубодилаи афкор намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram