РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Сироҷиддин Муҳриддин бо як зумра вазирони корҳои хориҷии давлатҳои арабии Халиҷ мулоқот намуд

7 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ бо як зумра  вазирони корҳои хориҷии кишварҳои арабии Халиҷ мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Муҳаммад ибни Абдураҳмон Оли Сонӣ роҷеъ ба масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба ва дигар мавзӯъҳои эҳтимоми тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.

Зимни мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба баррасӣ гадиданд.

Ҷонибҳо инчунин перомуни ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram