РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова Осорхонаи миллиро тамошо карданд

Имрӯз Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова ва ҳайати парлумонии ин кишвар, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд.

Меҳмононро Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифта, ба онҳо аз ҷониби роҳбалад сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.

Ба меҳмонон таърихи куҳани халқи тоҷик дар мисоли бозёфтҳои ёдгориҳои “Асри санг”, “Саразм”, “Оини Зардуштӣ”, “Ҳахоманишиҳо”, “Кушониён”, “Аҷинатеппа” ва толорҳои “Кулолгарӣ”, “Сиккаҳо” муаррифӣ карда шуданд.

Зимнан меҳмонон аз намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” низ дидан намуданд, ки экспонатҳои ин намоиш инъикосгари таърихи зиёда аз 6 ҳазор солаи халқи тоҷик мебошанд.

Пас аз анҷоми сайри осорхонавӣ Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамчун анъана дар китоби қайди таассуроти “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ андешаҳояшонро дарҷ намуданд.
Дар охир, ҳамчун рамзи эҳтиром ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram