РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Дар ДМТ радиои таълимӣ ба фаъолият оғоз кард

Дар доираи ҳамкориҳо ва мусоидати раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ба студияи таълимии радиои факултети журналистика мавҷи алоҳида дар диапазони 90,5 FM ҷудо гардид ва он 12 сентябр ба кори худ оғоз бахшид.

Дар ҷамъомади идона, муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳиддин Шамсиддинзода, ректори ДМТ Қобилҷон Хушвақтзода, директори Радиои Тоҷикистон Обидҷон Саидзода, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳи мазкур иштирок намуданд.

Нахуст, декани факултети журналистикаи ДМТ Бахтиёр Қутбиддинов суханронӣ намуда, миннатдории устодон ва донишҷӯёни факултетро ба роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонид.

Сипас, ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвақтзода доир ба фаъолияти минбаъди радиои мазкур ба масъулин пешниҳодҳо намуд ва таъкид кард, ки радиои факултет ҷиҳати омӯхнати таҷриба бо радиоиҳои шомили Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро боз ҳам тақвият медиҳад.

Муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳиддин Шамсиддинзода ба фаъолият оғоз кардани радиои таълимии факултетро падидаи муҳим арзёбӣ намуда, устодон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи ДМТ-ро бо ин рӯзи фараҳбахш ва таърихӣ табрик намуд. Субҳиддин Шамсиддинзода таъкид намуд, ки Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шакаҳои телевизиониву радиоии он ҳамеша омодаанд, дар тамоми самт ба радиои навтаъсиси факултети журналистикаи ДМТ кумак намоянд.

Ёдовар мешавем, ки студия таълимии телевизион ва радиои факултети журналистика ҳанӯз аз соли 2011 фаъолият мекунад. аст. Маҳз бо ташаббуси раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид ба он технологияи навтарини сабту танзим харидорӣ шуда буд. Ин студияҳо ҳамчун пойгоҳи таҷрибавӣ ва лабараторияи эҷодӣ барои такмили маҳорату малакаи эҷодии донишҷӯён хизмат мекард. Дастпарварони 10 соли охир факултети журналистика, ки дар студияи таълимӣ таҷриба андӯхта буданд, ҳоло кормандони муваффақи шабакаҳои телевизиону радиои кишвар ҳастанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram