РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Карли III барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муҳтарам Карли III барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Аълоҳазрат,

Бо камоли сарфарозӣ ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти неки ин ҷонибро ба муносибати ба даст гирифтани зимоми умури Подшоҳи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ иброз менамоям.

Ба Шумо сиҳатмандии комилу дар иҷрои ваколатҳои сермасъулатон комёбиҳои рӯзафзун, ба Подшоҳии Муттаҳида ва мардуми он сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии пойдор хоҳонам.

Британияи Кабир соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори аввалинҳо ба расмият пазируфт ва дар ибтидои соли равон мо 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатии байни давлатҳоямонро ҷашн гирифтем.

Раванди рушди муносибатҳои ҳамкории ду кишвар тайи ин давра боиси қаноатмандии мост ва ҷониби Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди таҳкими бештари он дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад.

Изҳори умед менамоям, ки бо талошҳои пайгиронаи муштарак шарикии созандаи кишварҳоямон минбаъд низ дар маҷрои усулҳои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва мутобиқ ба манфиатҳои аслии ду ҷониб густаришу тавсеа хоҳад ёфт.

Лутфан, Аълоҳазрат, эҳтироми фоиқаи моро бипазиред».

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram