РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

ТОЗАНАШР: «Истиқлолияти давлатӣ ва масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосири Тоҷикистон»

Таҳти унвони  «Истиқлолияти давлатӣ ва масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосири Тоҷикистон» китоби номзади илмҳои фалсафа Ойниёл ба нашр расид. Дар ин бора аз нашриёти “Ирфон” хабар доданд.

Китоби мазкур бо қарори Шӯрои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр тавсия шудааст.

Дар маҷмуаи мақолаҳо таҳқиқи масъалаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, баррасии муваффақияти мамлакати мо дар кори ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши ҷиҳатҳои гуногуни ҳимоя аз манфиатҳои миллӣ дар ҷомеаи муосир ва дигар мавзӯъҳо таҳлил ва баррасӣ гардидаанд.

Маҷмуа ба соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он зикр шудааст, ки ватандорӣ бахти бузург аст, вале ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан аз он ҳам болотар. Зеро соҳибватан будан, тақдири фарзандон, тақдири миллат, забон ва иқтисоду фарҳанги хешро дар даст доштан на ба ҳар халқу миллат ба осонӣ муяссар мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид намудаанд, ки «истиқлолият муқаддастарину азизтарин  неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Мо ифтихор аз он дорем,  ки  имрӯз ба туфайли ин неъмат дар чеҳраи ҳар модару фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ дида мешавад».

Маҷмуаи мазкур барои хизматчиёни давлатӣ, муҳаққиқон, таҳлилгарон, омӯзгорон ва шахсоне, ки ба масъалаҳои идеяи миллӣ, истиқлолият, пойдории сулҳу суботи давлат ва ҳаёти иҷтимоӣ таваҷҷуҳ доранд, пешбинӣ шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram