РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Зубайдулло Зубайдзода бо муовини вазири молияи Давлати Кувайт хонум Асил Саъд Мунейфӣ мулоқот намуд

12 сентябри 2022 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Муовини вазири молияи Давлати Кувайт хонум Асил Саъд Мунейфӣ доир гардид. Дар ин бора аз Сафроати Тоҷикистон дар давлати Кувайт хабар доданд.

Ба иттилои сафорат, дар мулоқот ҷонибҳо перомуни тақвияти равобит дар самтҳои иқтисод ва тиҷорат, инчунин фаъол намудани нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт табодули афкор намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram