РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Истиқлолияти давлатӣ дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҷлил шуд

Ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар чорабиниҳои тантанавӣ баргузор намуданд. Зимни чорабиниҳо роҳбарони муассисаҳои хориҷӣ аз дастовардҳои назарраси кишвар дар даврони Истиқлолият ёдовар шуда, саҳми арзандаи роҳбарияти давлатро дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ ва нақши афзояндаи кишварро дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

7 сентябри соли 2022 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср ба муносибати солгарди 31-уми Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ орост.

8 сентябри соли 2022 ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато чорабинии тантанавӣ баргузор намуд.

9 сентябри соли 2022 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи  Русия Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи  Русияро ботантана ва шукуҳи хос таҷлил кард.

9 сентябри соли 2022 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон чорабинии идона ба ифтихори ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

9 сентябри соли 2022 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бахшида ба 31-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури хабарнигорони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Инчунин, дар якчанд биноҳо ва иншоотҳои кишварҳои хориҷ (Туркия ва Русия) бо мақсади таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парчами Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram