РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Филми тоҷикии «Додараки фариштаҳо» сазовари ҷоизаи байналмилалӣ шуд

Филми ҳунарии кӯтоҳи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” “Додараки фариштаҳо”, ки бо коргардонии Умед Мирзоширинов рӯйи пардаи синамо омадаст, дар Синамоҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусулмонии Қазони Федератсияи Россия сазовори ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ” гардид.

Синамоҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусулмонӣ ҳамасола дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия баргузор мегардад ва имсол XVIII Синамоҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусулмонии Қазон аз 7-ум то 11-уми сентябр доир карда шуд. Дар қатори филмҳои кишварҳои иштирокчии чорабинии синамоӣ филми ҳунарии кӯтоҳи “Додараки фариштаҳо” санъату ҳунари синамои тоҷикро муаррифӣ намуд ва сазовори ҷоиза дониста шуд.

Хотирнишон бояд кард, ки филми ҳунарии кӯтоҳи “Додараки фариштаҳо” дар сатҳи баланд ва бо касбияти том таҳия гардида, заҳмати аҳли гурӯҳи эҷодӣ барабас нарафтааст. Мазмуну муҳтаво ва фалсафаи ҳикояи адиб Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар пардаи синамо ба таври ҷолиб ҳувайдо шуда, хурофоту ҷоҳилӣ ва рӯзгори пурмашаққату фоҷиабори оилаеро инъикос намудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram