Рӯзи 13 сентябри соли ҷорӣ вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов баргузор гардид. Дар ин бора радиои «Фарҳанг» бо такя ба дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, миёни ҷонибҳои гуфтугӯи самимӣ сурат гирифта, ҳамкориҳои фарҳангӣ, аз қабили баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон ва аз Қазоқистон дар Тоҷикистон, рӯзҳои кинои Қазоқистон дар Тоҷикистон, иштироки ҷониби Қазоқистон дар “Бозиҳои XVI-уми Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегардад, баргузории барномаи консертии ҳунармандони классикии Қазоқистон дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.