РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Амнияти дастҷамъии СААД иштирок кард

Шоми 13 сентябри соли 2022 бо дархости Сарвазири Арманистон, Раиси феълии Шӯрои Амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Никол Пашинян Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Амнияти дастҷамъии Созмон дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи мазкур Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар суханронии худ Сарвазири мамлакат нигаронии ҷониби Тоҷикистонро аз рӯйдодҳои охир дар хати ба ҳам омадани неруҳои ҳарбии Ҷумҳурии Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон иброз намуд.

Таъкид гардид, ки дар вазъияти имрӯзаи бавуқуъпайваста ғояти муҳим аст, ки ба ташаннуҷи минбаъдаи вазъият роҳ дода нашавад ва ҷонибҳо ҳар чи зудтар роҳҳои ҳалли мушкилотро ба маҷрои сиёсиву дипломатӣ баргардонанд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ягона роҳи таъмини сулҳу субот дар минтақа ин истифодаи муассир аз василаҳои муколама дар асоси санадҳои қабулгардида мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram