РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Қарордоди филми ҳунарию таърихии муштараки «Ҷомӣ ва Навоӣ: дурахши ахтарон» имзо шуд

15-уми сентябри соли 2022 дар шаҳри Тошканд дар доираи XIV Синамоҷашнвораи байналмилалии «Дурдонаи роҳи абрешим» Қарордод доир ба истеҳсоли муштараки филми ҳунарию таърихии «Ҷомӣ ва Навоӣ: Дурахши ахтарон» миёни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар шахсияти директор Маҳмадсаид Шоҳиён ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ўзбекистон дар шахсияти директори генералӣ Абдухолиқов Фирдавс Фридунович ба тасвиб расид.  Дар ин бора аз МД “Тоҷикфилм” хабар доданд.

Роҳбари бадеии лоиҳаи мазкурро коргардони маъруфи ҷаҳонӣ Люк Бессон ба зимма гирифтааст.

Филми муштараки бадеии «Ҷомӣ ва Навоӣ» рамзи дӯстӣ ва ҳамкории синамогарони ӯзбеку тоҷик маҳсуб шуда,  он дар  мисоли дӯстии  ду мутафаккири бузург ифодагари  садсолаҳо  ҳамсоягии нек доштани ду халқи ба ҳам қарин   мебошад.

Хотиррасон мешавем, ки ба навор гирифтани филми мазкур замоне тасмим гирифта шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Узбекистон аз 10 то 11 июни соли равон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram