РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ба хотири бузургдошти “Тоҷикон”- и аллома Бобоҷон Ғафуров маҳфили адабӣ баргузор шуд

15 сентябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар” маҳфили адабӣ таҳти унвони “Тоҷикон”-шиносномаи миллати тоҷик” баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар маҳфили адабӣ донишмандони соҳаи таърих: доктори илмҳои таърих, профессор Иброҳим Усмон, мудири шуъбаи таърихи муосири Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таъих Абдулло Ғаффуров, Сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Шералиев, устоди Донишгоҳи милли Тоҷикистон Ҳафиз Раҳмон, шогирдони муассисаҳои таълими миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамоишро директори Китобхона Сафарзода Ҳусайн ифтитоҳ бахшида, шоҳасари безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”-ро шиносномаи миллат, бозгӯкунандаи таъриху фарҳанги миттат номид. Аз ҷавонону наврасони кишвар даъват ба амал овард, то дар шинохти таърих, тамаддун, фарҳанги ниёгони миллати тоҷик ин асари безаволро мутолиа намоянд.

Ҳамзамон донишмандон ҳар яке ба сухан баромада, аз давраҳои таърихӣ, давлатдорӣ, аз корнамоиҳо ва дар ҳифзи марзу бум ҷонбозиҳои қаҳрамонони миллати тоҷик баромадҳо намуданд.

Иштирокчиёни маҳфил, наврасону хонанадагон бо шавқу завқи беандоза дар суҳбати донишмандон иштирок намуда, бори дигар аз шоҳкориҳои фарзандони миллати тоҷик, таъриху тамаддуни гузаштаи тоҷик ошноӣ пайдо намуданд ва ҳар яке пеши худ мақсад гузоштанд, ки барои шинохти миллати куҳанбунёди тоҷик шоҳасари безаволи академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”-ро гаштаю баргашта мутолиа менамоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram