РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Кумаки башардӯстонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Покистон дастрас гардид 

15 сентябр, кумаки башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон дастрас гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 6 сентябр бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода қабул гардид, ки дар асоси он ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон кумаки башардӯстона ҷудо карда шуд ва 7 сентябр корвони мошинҳо ба самти Покистон равона гардид.

Бояд таъкид намуд, ки кумаки башардӯстона аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1000 тонна ангиштсанг, 1000 тонна семент ва 2000 адад шифер иборат буда, вазни умумии беш аз 3000 тонна ва маблағи 12 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил дод.

Иқдоми мазкур нишони сиёсати башардӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Роҳбари давлати Тоҷикистон мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram