РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.

Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат дар идомаи муколамаи мунтазами худ ҷанбаҳои алоҳидаи мубрами муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Вобаста ба вазъ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон баамаломада масъалаҳои рушди вазъият дар Осиёи Марказӣ низ дар маркази диққати ҷонибҳо қарор дошт.

Ҳамчунин, дигар ҷанбаҳои таъмини амнияти минтақавӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон, баррасӣ гардиданд.

Президентҳо ҳамзамон ҷадвали корӣ ва масъалаҳои рӯзномаи чорабиниҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи дарпешистодаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram