РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Се чеҳраи шинохтаи тоҷик узви Фарҳангистони забону адаби форсии Эрон шуданд

Адабиётшинос Абдунабӣ Сатторзода, Шоирони халқии Тоҷикистон Гулрухсор ва Рустам Ваҳҳобзода ба узвияти Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон пазируфта шуданд.

Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ яке аз бонуфузтарин марказҳои илмии таҳқиқ ва тарғиби забону адаби форсӣ дар ҷаҳон буда, мақоми Академияи улумро дорад ва узвияти он баробар ба унвони академикӣ аст.

Ҳуҷҷати узвиятро ба Абдунабӣ Сатторзода, Гулрухсор ва Рустам Ваҳҳобзода Сафири кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон  Муҳаммадтақӣ Собирӣ дар ҳамоише бахшида ба рӯзи бузургдошти шеъру адаби форсӣ, ки имрӯз дар Сафорати ҶИЭ дар Душанбе бургузор шуд, эъто кард. Дар ин бора рӯзномаи «Тоҷикистон» хабар дод.

Раёсати Фарҳангистони забону адаби форсӣ барои “хизмати бисёрсола дар таҳқиқ ва тарғиби забону адаби форсӣ” ин се шахсияти саршиноси илму адаби Тоҷикистонро ба узвият пазируфтааст. Мадорики эшон бо имзои Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, раиси Фарҳангистони забону адаби форсии Ҷумҳурии исломии Эрон аз Теҳрон ба Душанбе расидааст.

Қаблан, аз Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, Абдуқодир Маниёзов ва Сафар Абдулло узви ин Фарҳангистон буданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram