РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

«БИЁЕД, БА ОТАШИ ХОНУМОНСӮЗИ ҶАНГ ДОМАН НАЗАНЕМ!». Муроҷиати Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон вобаста ба ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистон, ки боиси ҳалокати зиёди шаҳрвандони мо гардид, изҳори нигаронӣ намуда, аз адибони ҳарду кишвар даъват ба амал меорад,  ки бо тарҷумаву муаррифии осори ҳамдигар рафоқати инсониву робитаи ҳасанаи эҷодиро ба хотир биёранд ва бо нигоштаҳову баёни назарҳои амиқу санҷида ба бартараф намудани ин нофаҳмиҳо мусоидат намоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Афзудани сафи ҳангомахоҳон, дурӯғпароканӣ, айбҷўӣ, душмантарошӣ, назари нопоку муғризонаи баъзе «коршиносон», беш аз ин– бо истифода аз силоҳ ҳуҷуми таҷовузгарона намудани низомиёни Қирғизистон ба давлати мо боиси нигаронист. Биёед, ба оташи хонумонсӯзи ҷанг доман назанему бо сатрҳои обдори хеш дар пайи хомўш кардани он бошем!

Биёед, ба ёд биёрем, ки Айтматови забардаст Айнии бузургро яке аз ду устоди худ медонист. Биёед, фаромўш накунем, ки Турсунзодаи дар ҷаҳон машҳур бо Чингиз Айтматове, ки ҷаҳонро бо шамшер не, бо қалам гирифта буд, чӣ гуна рафоқати самимӣ дошт. Ё худ, бубинем, ки Шоири халқии Қирғизистон Қубаничбек Маликов чӣ мегўяд: «Дар байни халқҳои Осиёи Миёна тоҷикон дар сатҳи қадимтарину баландтарини тамаддун қарор доранд. Ин халқи сулҳдӯсту боистеъдод ҳамеша ба қирғизҳои кӯчманчӣ таъсири файзбахш расонидааст».

Чунин нуқтаҳои пайванд зиёданд миёни халқҳои мо, биёед, онҳоро мустаҳкамтар бикунем, то арвоҳи бузургонамон озурда набошанд!

Асрҳост, ки халқҳои тоҷику қирғиз дар паҳлӯи ҳам зиндагӣ мекунанд. Беш аз ин, тоҷикони зиёде шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистонанду қирғизони зиёде шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ҳама қисматсозиву ҳамзистӣ хоставу доди Худованд аст ва аз он гурехтан имкон надорад. Фақат хиради азалии халқҳоямонро ба кор бурдан, фарҳанги озмудаи ҳусни ҳамзистиву маданияти ҳамҷавориро риоят кардан, ба ҳар маънӣ дар паҳлўи ҳам будан боиси рўсурхиву сарбаландии мо шуда метавонад. Биёед, ин таърихи омўзанда, ин таҷрибаи раҳнамо, ин ганҷинаи беҳамторо дар ин лаҳзаҳои мушкил ба манфиати миллату давлатҳоямон пурсамар ба кор бибарем!

Биёед, мо, бузургсолон ҳам воқеиятро боре бо дили бузурги тифлони худ эҳсос бикунем, самимона ба чашми ҳам бингарему самимона ҳарфи ҳамдигарро бишнавем! Биёед, аз ояндаи фарзандони хеш, аз фардои давлату миллатҳои худ биандешем!

Биёед дар ибрози назар бисёр эҳтиёткор бошем, бо эҳсоси халқҳо бозӣ накунем, агар ба сарварони кишварҳоямон, ниҳодҳои марбут, шахсоне, ки масъулияти бузурги қисмати ояндаи ду миллату ду давлатро бар дўш доранд, ёрӣ карда натавонем, лоақал халал нарасонем ва самимона орзуманди муваффақияташон бошем!

Шоири сулҳпарвари тоҷик Мирзо Турсунзода гуфтааст:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram