РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Вазири корҳои хориҷӣ бо роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ мулоқот намуд

19 сентябри соли 2022 дар ҳошияи “Ҳафтаи сатҳи баланд”-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) Владимир Воронков баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот, ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва UNOCT, ба вежа амнияти минтақавӣ, вазъияти Афғонистон, инчунин омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» (18-19 октябри 2022, Душанбе) дар доираи “Раванди зиддитеррористии Душанбе”-ро баррасӣ карданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram