РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Душанбе: Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум баргузор мегардад

30 сентябри соли 2022, соати 9:00 Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид. Дар ин бора аз дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ба рӯзномаи иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум масъалаҳои «Гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №11, 15 ва 62», «Дар бораи ҷараёни татбиқи «Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳудуди пойтахт», « Дар бораи ҳисоботи муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022–2023 дар шаҳри Душанбе», «Дар бораи татбиқи «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022» ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи эълони Солҳои рушди саноат, «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба замимаи 5 ва 6 қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2020», «Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе» ворид карда шудаанд.

Тибқи қарори дахлдор, барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ  таъсис дода шудааст. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯрда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то 28 сентябри соли 2022 таклифҳои мушаххас пешниҳод менамоянд.

Ёдрас мешавем, ки Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум 30 сентябри соли 2022, соати 09:00 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ — 40 даъват карда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram