РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Сироҷиддин Муҳриддин ба Дабири кулли СММ оид ба рӯйдодҳои охир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон иттилоъ дод

19 сентябри соли 2022 дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли СММ Антониу Гутерриш доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. 

Зимни мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ба Дабири кулли СММ оид ба рӯйдодҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба таври муфассал иттилоъ дода, маводҳои марбута, аз ҷумла навор ва аксҳоеро, ки далели таҷовузи низомии Қирғизистонро собит мекунанд, манзур намуд.

Вазири корҳои хориҷии кишвар зикр кард, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ташаббускори ҳалли низомии масъалаи марз бо Қирғизистон набуд ва ҳамеша ба равиши сиёсиву дипломатӣ пойбанд мебошад.

Инчунин дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, бавежа дар самти рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, тағйирёбии иқлим ва обу энергетика мубодилаи афкор намуданд.

Мусоҳибон ҳамчунин масъалаҳои амнияти минтақа, бахусус вазъи Афғонистонро баррасӣ карда, доир ба чораҳои андешидаи Тоҷикистон дар самти расонидани кумакҳои башардӯстона мубодилаи афкор карданд.

Дабири кулли СММ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон истиқбол намуда, баҳри ҳамкории фарогир омодагии Созмонро иброз кард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram