РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Тоҷикистону Қазоқистон робитаҳои байнипарлумониро тақвият медиҳанд

Масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қазоқистон имрӯз зимни мулоқоти Раиси комиссияи назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов баррасӣ гардиданд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд..

Нақши парлумонҳои мо дар таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи кишварҳои якдигар хеле муҳим ва назаррас мебошад, — таъкид кард  Ҷамшед Муртазозода ва афзуд, ки аз ин рӯ, мо бояд ҳарчӣ бештар робитаҳои байнипарлумонии мамлакатҳоямонро тақвият бахшем. Мавсуф фаъол будани гурӯҳи дӯстӣ миёни парлумонҳои Тоҷикистон ва Қазоқистонро қадами бисёр муҳим ҷиҳати тақвият ёфтани робитаҳои байнипарлумонӣ ва дар ин замина густариши дигар соҳаҳои ҳарду мамлакат арзёбӣ намуд.

Дар ин замина боздидҳои Сарони давлатҳо аз кишварҳои якдигар ба рушди муносибатҳо такони мусбат бахшида, таҳкимгари пояи шартномавию ҳуқуқии ҳамкорӣ гардидаанд.

Зимни мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки самти ҳамкории фарҳангию башардӯстонаи Тоҷикистон ва Қазоқистон дар сатҳи вусъатёбанда рушд ёфтааст.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин вобаста ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram