РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ дар Институти илмҳои гуманитарӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд

Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ таҳти унвони «Унсурҳои худогоҳӣ дар осори бозмондаи Рӯдакӣ» конфронси илмию амалӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар конфронс олимону муҳаққиқон ва дӯстдорони илму адаб иштирок намуда, вобаста ба паҳлӯҳои мухталифи ҳаёту фаъолияти эҷодии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ақидаҳои ҷаҳоншиносии Одамушшуаро сухан гуфтанд.

Инчунин аз тарафи магистрантони Институти мазкур аз осори гаронбаҳои Рӯдакӣ порчаҳои алоҳида қироат шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки аз соли 2012 инҷониб бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Дар ин рӯз дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар назди ҳайкалу нимпайкараҳои Абӯабдулло Рӯдакӣ гулгузорӣ, ҳамоишҳои идона ва маҳфили шеърхонӣ, дар факултаҳои филологии донишгоҳҳои мамлакат, муассисаҳои адабиву фарҳангӣ нишасту конфронсҳои илмӣ, ҳамоишу машварат ва ҷаласаҳо доир мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ асосгузори адабиёти классикии тоҷик маҳсуб шуда, нобиғаи беназири таърихи миллати тоҷик эътироф шудааст. Муҳимтарин хизмати ин абармарди адабиёт бо осори бебаҳояш он аст, ки дар ташаккули забони адабии тоҷикӣ ва ҳифзи он хизмати таърихӣ ба анҷом расонидааст.

Яке аз муҳаққиқони номвари адабиёти классикӣ, муаллифи «Тазкират-ул-шуаро» Давлатшоҳи Самарқандӣ дар бораи Одамушшуаро Рӯдакӣ чунин менависад: «Ба рӯзгори Оли Сомон шеъри форсӣ равнақ ёфту устод Рӯдакӣ дар ин илм саромад буд. Ва қабл аз вай шоире соҳибдевон бошад, нашнидаем. Пас воҷиб бувад, ки ибтидо аз устод намоем».

Ашори Рӯдакӣ инсонро водор месозад, ки бояд дар ҳама кор ва зиндагии худ ба халқ бо нияти нек хизмат карданро фаромӯш накунад. Ба қавли Рӯдакӣ, ҷаҳон мисли дарёест, ки агар кас хоҳиши аз он гузаштан дошта бошад, бояд дар зиндагӣ ҳамеша некӣ кунад ва аз некномӣ ёдгорие ба вуҷуд оварад:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,

Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

Яке аз хидматҳои беҳамтову безаволи устод Рӯдакӣ ин аст, ки маҳз дар осори гаронмояи ӯ бунёди тамоми жанрҳои маъмулу маъруфи адабиётамон, мисли ғазал, қасида, маснавӣ, дубайтиву рубоиву қитъа… гузошта шудааст. Барои як нобиғаи ҷаҳонӣ ин кори андак нест. Ҳол он ки боз аз даҳҳо хуҷастагиву навовариҳои эҷодиёти устод Рӯдакӣ метавон ҳарф зад. Масалан, ин ки аксари кулли навиштаҳои ӯ баъд аз ҳазорон сол ҳам аз ҷиҳати мавзӯъ ва ҳам аз ҷиҳати забону баён имрӯзианду ба дарди халқ мехӯранд ва фардо ҳам ҳамнафаси рӯз хоҳанд монд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram