РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли САҲА мулоқот намуд

20 сентябри соли 2022 дар ҳошияи Ҳафтаи сатҳи баланди иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ш. Ню-Йорк, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Ҳелга Шмид вохӯрӣ намуд. Дар ин бора аз вазоратим азкур хабар доданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вобаста ба воқеаҳои охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва вазъ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.

Инчунин дар вохӯрӣ, масъалаҳои таҳкими робитаҳои Тоҷикистону САҲА ва тавсеаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби “Раванди Душанбе” оид ба мубориза бо терроризм ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram