РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Дар Самарқанд Рӯзи бузургдошти Рӯдакӣ таҷлил мегардад

Имрӯз, 21 сентябри соли 2022 соати 16:00 дар назди муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, воқеъ дар шоҳроҳи ба номи Рӯдакии шаҳри Самарқанд барномаи адабию фарҳангие бахшида ба бузургдошти асосгузори шеъри форсӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи «Овози Самарқанд» хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, барнома дар ҳамкории ҳокимияти вилояти Самарқанд, Донишгоҳи давлатии Самарқанд, шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят ва таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд» гузаронида шуда, дар он иштироки шоиру нависандагон, дӯстдорони каломи бадеъ ва ҳунарпешагон пешбинӣ шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram