РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Эрон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Аз 2 то 9 октябри соли 2022 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Рӯзҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрез доир гардида, барномаҳои ҳунарию эҷодӣ, намоишҳои ҷолибу дидании ҳунармандони бомаҳорати тоҷик пешкаши мардуми ин сарзамин мегардад.

Ҷониби Тоҷикистон дар ин рӯзҳо барномаҳои ҳунарии устодони санъат, маҳфилҳои шеърхонӣ, намоиши либосҳои миллӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши аксҳову мусаввараҳоро манзури тамошобини кишвари Эрон мегардонанд.

Гузориши муфассал аз ҷараёни баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ дар рӯзҳои баргузории намоишҳо омода мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram