РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Дар «Қалъаи Хуҷанд” намоиши “Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ” ифтитоҳ гардид.

20 сентябри соли равон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, шакли хурди намоиши “Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ” ифтитоҳ гардид. Дар ин бора аз МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” хабар доданд.

Дар ифтитоҳи намоиш директори Муассисаи давлатиии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо Сафо, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Қосимов Бахтиёр Иброҳимович, устодон ва донишҷӯёни факултаи таърих ва ҳуқуқи МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”, устодон ва донишҷӯёни коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз, намояндагони ВАО, кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок намуданд.

Директори Муассисаи давлатиии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода З.С. зикр намуданд, ки намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони “Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи хунарҳои осиёии “Гиме”-и шаҳри Париж 13 октябри соли 2021 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи сиюмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Фаронса ифтитоҳ гардида, муддати 3 моҳ идома ёфт.

Дар намоиш зиёда аз 100 адад ашёҳои таърихии марбут ба миллати тоҷик аз Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ба тамошо гузошта шудаанд, ки онҳо инъикосгари таърихи беш аз 6 ҳазор солаи халқи куҳанбунёди тоҷик буда, фарогирандаи хазораи 4 то мелод ва давра ба давра то асри 10 мелодӣ мебошанд.

Зимнан, дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши “Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ” баъд аз бозгашт аз Ҷумҳурии Фаронса рӯзи 25.02.2022 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ифтитоҳ гардид.

Ҳадаф аз ташкил ва ифтитоҳи шакли хурди намоиши “Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар шакли сайёр дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурии Тоҷикистон — ин амалӣ намудани Дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ошно намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа бо таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик мебошад.

Ҳамзамон фароҳам овардани шароити мусоид ба кормандони касбу кори гуногун ва сокинону меҳмонони вилояти Суғд ҷиҳати ошно гардидан бо осори гаронарзиши ба мерос гузоштаи ниёгон, нақши ҳалли куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик ва ба ин васила таквияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.

Намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” то 30.09.2022 идома меёбад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram