РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Душанбе: Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад

Дар шаҳри Душанбе Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳр ба тавсиб расид.

Матни пурраи қарор:

Бо мақсади дар сатҳи баланди ғоявӣ ва бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти забони давлатӣ, инчунин иҷрои банди 72 Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2022, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29 декабри соли 2021, №791 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи замима тасдиқ карда шавад.

2. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намоянд.

3. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

Рустами Эмомалӣ

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram