РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Душанбе: бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ ҳамоиш баргузор мегардад

Бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ 23 сентябр дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ таҳти унвони «Шеъри Рӯдакӣ: таҳқиқ, тарҷума ва нашри он дар Шарқ ва Ғарб» ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад.

Тавре аз институти мазкур хабар доданд, дар ҳамоиш дар мавзӯъҳои «Устод Рӯдакӣ ва фарҳангнигорӣ», «Тадқиқоти оғозин дар бораи устод Рӯдакӣ ва мулоҳизаҳо дар атрофи он», «Соматизмҳо дар шеъри устод Рӯдакӣ», «Мулоҳизаҳо перомуни «Калила ва Димна», «Тарҷумаи шеъри устод Рӯдакӣ дар Ғарб», «Маликушшуаро Баҳор ва устод Рӯдакӣ: аз пайравӣ то илҳомпазирии халлоқона», «Нақши Сотим Улуғзода дар бозтоби симои устод Рӯдакӣ дар кино ва театр», «Хусусияти сохторӣ ва маъноии калимаҳои суғдӣ дар осори Рӯдакӣ», «Дер зиёд он бузургвор худованд… (Таҳлили як шеъри устод Рӯдакӣ)» маърӯзаҳо аз ҷониби олимони тоҷик дар назар аст.

Инчунин дар ҳамоиш нашри нави китоби Саид Нафисӣ «Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ» дар Порис рӯнамоӣ мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram