РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

“Рӯзи Рӯдакӣ” дар Коллеҷи фарҳанг ба номи П. Бӯйдоқов таҷлил шуд

21 сентябри соли ҷорӣ дар толори хониши Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов” бо иштироки директори таълимгоҳ Разоқзода Салоҳидин Шамсидин ва устодону донишҷӯён бахшида ба гиромидошт аз хизматҳои мондагори сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, чорабиниро нахуст директори муассиса иҷтитоҳ намуда, дар бораи зиндагинома, осори безаволи Малик-уш-шуъаро бо маърӯзаи пурмӯҳтаво баромад намуда, Рӯдакиро шахсияти барҷастаи фарҳангӣ, устоди шоирони дирӯзу имрӯзи форсу тоҷик, ки бо мероси гаронбаҳои илмию адабии худ тӯли ҳазорсолаҳо зиндаву ҷовидон боқӣ хоҳад монд.

Сипас, донишҷӯёни таълимгоҳ дар бораи ҳаёту эҷодиёти шоир маълумотҳои муфассал дода, фаъолияти эҷодии ин чеҳраи дурахшони фарҳангиро ба таври шоиста бозгӯ намуданд ва аз ашъори пурғановати адиб шеърҳо қироат карданд.

Дар назар аст, ки фардо — 22 сентябр шогирдони фаъоли муассиса дар базми идонаи ноҳиявӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ иштирок намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram