РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Суғд: Озмуни «Тоҷикон» -оинаи таърихи миллат» гузаронида мешавад

Соли 2023 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» гузаронида мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид. Дар ин бора аз хадамоти мабуоти раиси вилоят хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, озмуни мазкур бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июли соли 2022 доир гардида, тибқи қарор низомнома, ҳайати комиссия тасдиқ шуда, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои дар сатҳи баланд гузаронидани озмун вазифадор гардидаанд.

Озмун миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯён, омӯзгорони ҳамаи зинаи таҳсилот, ходимони илмиву адабии муассисаҳои эҷодӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун дар алоҳида сурат мегирад.

Ғолибони даври вилоятии озмун бо мукофотпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, 7 ҳазор сомонӣ ва 5 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram