РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ТАВАҶҶУҲ! Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе манъ мегардад

Аз 20 сентябр бинобар   сабаби гузаронидани корҳои сохтмонӣ дар иншооти навсозишавандаи хиёбони Рӯдакӣ, аз канали дериватсионӣ то пайвастшавӣ ба хиёбони Ҳ.Шерозӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои  нақлиёт қатъ гардид. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ба нақшаи хатсайрҳои мусофирбари дар ин хиёбон фаъолияткунанда, аз қабили хатсайрҳои автобусии №4, 33 ва хатсайрҳои микроавтобусии №21, 24А, 26, 27 ва 34 тағйирот ворид карда шуда, фаъолияти ин  хатсайрҳо то ба истифода додани хиёбони мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои Ҳ.Шерозӣ, Карамов, А.Ҳакимзода ва У.Хайём ба роҳ монда мешавад.

Аз ин лиҳоз аз ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати хиёбони Рӯдакӣ истифода баранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram