РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Ҳайати Гурҷистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд

21 сентябр муовини Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Александр Хвтисиашвили, Сафири фавқулодда ва мухтори Гурҷистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зураб Абдушелишвили ва дигар ҳайати ин кишвар, дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.

Ба меҳмонон ёдгориҳои даврони “Асри Санг”, “Асри Биринҷ”, “Оини Зардуштӣ”, толорҳои кулолгарӣ ва сиккаҳо, давраҳои “Ҳахоманишиҳо”, “Сосониён”, “Ҳайтолиён” ва дайри буддоии “Аҷинатеппа” шинос карда шуданд, ки онҳо инъикосгари таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати тоҷикон мебошанд.

Баъд аз анҷоми сайри осорхонавӣ меҳмонон аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамчун анъана муовини Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Александр Хвтисиашвили дар китоби қайди таассуроти “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ андешаҳояшро дарҷ намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram