РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ: Нақши устод Рўдакӣ дар ташаккул ва таҳаввули адабиёти форсӣ-тоҷикӣ

Абўабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рўдакӣ – бунёдгузори адабиёти тоҷику форс, ки бо лақабҳои «Одамушшуаро», «Султонушшуаро» ва «Соҳибқирони шоирон» маъруф аст, соли 858 мелодӣ дар деҳаи Панҷрўди шаҳри Панҷекати Тоҷикистон ба дунё омадааст. Аз он ҷо, ки зодгоҳи ў дар он замон яке аз музофоти Самарқанд ба ҳисоб мерафт, ба ин сабаб ўро Рўдакии Самарқандӣ хондаанд.

Замони қадам ба арсаи ҳастӣ ниҳодани Рўдакӣ марҳалаи дурахшони таърихи мардуми форсизабон, алалхусус, халқи тоҷик мебошад, ки пас аз муборизаҳои дуру дарози озодихоҳӣ соҳиби давлати мустақил гардиданд. Сомониён тавонистанд дар муддати кўтоҳ суботу оромиро дар кишвар барқарор намуда, ба пешрафту тавсиаи ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангӣ мусоидат кунанд. Аҳди Сомониён замони пешрафти соҳаҳои мухталифи илму фан, тиҷорату кишоварзӣ, иқтисодиёту фарҳанги Мовароуннаҳру Хуросон буд. Дар ин муҳити созгор донишмандон ба омўзиши амиқи илмҳои гуногуни халқҳои мухталифи олам, бахусус, Юнону Руми бостон ва Ҳинду Чини қадим пардохта, муҳимтарин осори онҳоро ба арабию форсӣ тарҷума намуданд.

Даврони кўдакӣ ва ҷавонии шоир ба дурустӣ равшан нест, аммо бино ба нақли сарчашмаҳои адабию таърихӣ, Рўдакӣ «чунон тезҳуш ва зирак буд, ки дар ҳаштсолагӣ Қуръонро ба тамомӣ аз бар кард ва хондану навиштан омўхт ва шеър гуфтан гирифт ва маъонии дақиқро дар қолиби алфози рангину сода кард ва чун овози хушу савти дилкаш дошт, хунёгарию барбатнавозиро бо шеърсароӣ ёр кард ва овози ў ба атрофу акнофи олам бирасид». Ба эҳтимоли қавӣ, дар Самарқанд, ки аз марокизи фарҳангиву илмии давлати Сомониён буд, таҳсил намудааст. Чун овозаи шоириву мутрибии Рўдакӣ ба гўши амирони Сомонӣ мерасад, ўро ба дарбор даъват менамоянд. Дар дарбори Сомониён Рўдакӣ истиқболи гарм меёбад ва амироне монанди Наср ибни Аҳмади Сомонӣ ва вузарое амсоли Абулфазли Балъамӣ ба рушду камолоти маънавию моддии шоир мусоидат мекунанд. Ба ин нукта худи шоир борҳо ишора намудааст:

Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,

Варо бузургию неъмат зи Оли Сомон буд.

Рўдакӣ бузургтарин шоир ва султонушшуарои дарбори Сомониён буд ва мумкин аст ҳангоми ҳукмронии амир Аҳмади Сомонӣ ба дарбор омада бошад, аммо замони зиндагии шоир дар дарбор ба давраи ҳукмронии амир Наср ибни Аҳмади Сомонӣ мусодиф мебошад. Ин амир таваҷҷуҳи зиёде ба шоир дошт ва ба пайравӣ аз ў, ашрофи дарбор ба Рўдакӣ иқболи тамом доштанд ва сухани шоир дар ин даргоҳ қабули том доштааст. Вазири донишманди Сомониён Абулфазли Балъамӣ ба Рўдакӣ эътиқоди калон доштааст ва бино ба гуфтаи Самъонӣ, ўро дар байни шоирон «дар Арабу Аҷам беназир» дониста, ба шоир силаву ҷоизаҳои фаровон мебахшидааст. Ҳамин вазири хирадманду донишпарвар ўро ба назми «Калилаву Димна» водошт ва ин таваҷҷуҳи амиру вузаро ва бузургони дарбор мояи сарвати бисёр ва таҷаммули Рўдакӣ гашт. Номи Рўдакӣ дар адабиёти форсу тоҷик илова бар қариҳаи баланди шоирию мутрибӣ, нодиргўию некўсуханӣ, офаридани оҳангҳои дилангезу навохтани чанг ва соҳиби овози хуш будан, ба доштани ҷалолу ҳашмат ва сарвати фаровон низ машҳур гашта, забонзади гўяндагону тазкиранави-сони қарнҳои баъдина шудааст.

Дар «Қасидаи пирӣ», ки муҳимтарин сарчашмаи тарҷумаи- ҳолии шоир аст, аз зиндагии хушбахтона ва сарватмандонаи даврони ҷавониаш ба некӣ ёд мекунад ва маҳз дар ҳамин давра шеъри ў дар кишварҳои гуногун интишор ёфта, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст:

Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бинвашт,

Шуд он замона, ки ў шоири Хуросон буд.

Бино ба шаҳодати сарчашмаҳо, Рўдакӣ солҳои зиёд дар боргоҳи давлати Сомониён хидмат мекунад, вале дар пирӣ дучори мусибат гардида, дарборро тарк мекунад ва солҳои охири ҳаёташро дар зодгоҳаш гузаронида, соли 941 аз ҷаҳон чашм мепўшад. Мазори шоир, ки бо мурури замон аз назарҳо дур монда буд, бо кўшиши аллома Садриддин Айнӣ пайдо ва эҳё гардид ва кунун зиёратгоҳи ихлосмандону ҳаводорони шеъри ноби тоҷику форс аст.

Рўдакӣ аввалин шоири форсигўйи баъд аз ислом нест, аммо нахустин ва бузургтарин шоирест, ки ашъори баланду пухта гуфта, шеъри форсиро ба камол расонидааст. Ў дар тамоми қолибҳои шеър, чун рубоиву қитъа, ғазалу қасида табъозмоӣ намуда, дар вазнҳои мухталиф чанд маснавӣ суруда, ки сармашқи шоирони баъдина гаштааст. Устод Рўдакӣ, ки бино ба қавли тазкиранигорон, на танҳо «аввалин касест, ки шеъри форсиро мудавван сохт», балки ҳамчунин «дар илми мусиқӣ маҳорати тамом дошта, нахустин касе буд, ки дар мусиқӣ чизе тасниф кард». Аз он ҷо ки аз ҳунарҳои шоирӣ ва хунёгарӣ бархурдор буд, шеъру мусиқиро тавъам сохта, таронаҳои латифро бо захмаи созу овои дилкаш ҳамроҳ гардонидааст.

Тибқи маълумоти маъхазҳо ва таъкиди муҳаққиқон, Рўдакӣ аз пуркортарин ва пурсамартарин шоирони олам будааст. Касрати шеъри ў низ монанди қудрати суханварӣ ва ҳунармандиаш вирди забони аҳли шеъру адаб гаштааст. Илова бар ишораҳои зиёди сарчашмаҳои адабию таърихӣ, абёти зерини шоири асри XII Рашидии Самарқандӣ гувоҳи сермаҳсул будани Рўдакӣ аст:

Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некўшоирӣ,

Рўдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

Шеъри ўро баршумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор,

Ҳам фузун ояд, агар чунон ки бояд бишмарӣ.

Ҳарчанд дар мавриди теъдоди ашъори шоир муаллифони сарчашмаҳо ва муҳаққиқони рўдакишинос ихтилофи назар доранд, аммо мусаллам аст, ки Одамушшуаро осори хеле фаровон офаридааст. Мутаассифона, аз он осори ғанӣ танҳо миқдори каме то ба имрўз расида, ки ба ҳукми қатрае аз баҳр аст. Вале ҳамин ашъори бозмондаи ў гувоҳи устоди мусаллами шеъри форсӣ будани ўст.

Ашъори бозмондаи устод Рўдакӣ бештар фарогири мавзўъҳоест, ки дар адабиёти форсӣ баъд аз ў матраҳ гардидааст. Шоири бузург шеъри ғиноиро бунёд ниҳод, тағаззулҳои оғози қасоид ва порчаҳои парокандае аз ў бозмонда далел бар он аст, ки маҳз дар ҳамин давра ин анвои шеърӣ шакл гирифтааст. Рўдакӣ аввалин шоирест, ки сурудани тағаззулоти ширину диловезро дар оғози қасида расм кард ва дар эҷоди иртиботи миёни тағаззулу мадҳ маҳорати бемисл нишон дод, ки сармашқи шоирони муосиру баъдина гашт. Дар ин тағаззулот шоир хушиҳои зиндагӣ, суруду мусиқӣ, тавсифи бодаву шароб, васфи маъшуқа, зебоиҳои табиат ва амсоли ин мавзўъҳоро чунон ба тасвир оварда, равонии сухану содагии андеша ва фасоҳати каломи худро бо эҳсосоти нозуку нарм тавре омехтаву бо чунон малоҳат ибрози андеша намудааст, ки хонандаро, новобаста ба давру замон, маҷзуби худ мекунад ва ба ў лаззат мебахшад. Панду андарз ва шеъри ҳикамӣ, ки дар адабиёти тоҷику форс нақши бориз дорад, сарчашма аз шеъри Рўдакӣ мегирад. Рўдакӣ аввалин шоирест, ки овардани панду андарз ва мавоизу насоеҳро дар ашъор ба расмият даровард. Аз ашъори бозмондаи ў қитъаҳое дар даст дорем, ки саршор аз андешаҳои ҳикамӣ ва панду андарз аст. Достонсароию қиссапардозӣ ва овардани ҳикояту амсол маҳз дар ашъори Рўдакӣ шакли муназзами худро ёфт. Рўдакӣ ғайр аз «Калилаву Димна», ки нахустин манзумаи ҳикамӣ дар адабиёти тоҷику форс аст, чанд манзумаи дигар дар вазнҳои мухталиф сурудааст, ки абёти пароканда аз онҳо боқӣ мондаанд.

Сабабҳои бунёдгузори адабиёти классикии тоҷикӣ – форсӣ ва устоди мусаллами шеър будани устод Рўдакиро метавон дар чанд нукта баён кард:

Рўдакӣ дар замони худ ба ҳайси бузургтарин устоди шеър шинохта шуда, аксари шоирону донишмандон ба қудрати сухани ў иқрор кардаанд. Масалан, Шаҳиди Балхӣ шеъри ўро «тилви нубӣ» (баландмартаба) шуморида бошад, Кисоӣ вайро «устоди шоирони ҷаҳон» хондааст, Унсурӣ бо он ҳама қудрати шоирӣ худро дар ғазал камтар аз ў донистааст ва аксари шоирони баъдина шевоию расоии сухани ўро эътироф намудаанд. Илова бар ин, мақому мартабаи ў назди умарову вузаро ва бузургони замонаш низ баланд будааст.

Рўдакӣ дар фунуни сухан ва анвои қолибҳои шеър, монанди рубоиву қитъа, ғазалу қасида ва маснавӣ маҳорат дошта ва дар ҳар тарзе ба хубӣ комёб гардида, пешрави дигарон будааст ва метавон гуфт, ки нахустин шоири форсигўй аст, ки дар навъҳои гуногуни адабӣ шеъри олӣ суруда, онҳоро шаклу сохтори муайян бахшидааст.

Рўдакӣ ашъори фаровоне суруда ва аксари мавзўъҳои асосии шеъри форсӣ-тоҷикӣ, амсоли ишқу муҳаббат, мадҳ, панду андарз, фалсафаву ҳикмат, худшиносии миллӣ, тарғиби адлу адолат, накўию ростӣ, илму хирад, ситоиши ахлоқи ҳамидаву маззамати кирдори разила, накўҳиши зулму ситам, тасвири табиат, тасвиру тавсифи инсони озода ва монанди инҳоро бунёд гузоштааст, ки шоирони баъдӣ ин мавзўъҳоро идома дода, ба камол расонидаанд.

Маҳорати Рўдакӣ ва қудрати ў дар мавриди пайвастагии калом, мазмунҳову афкори тозаву бадеъ ва фасоҳат аз муҳимтарин масоилест, ки ҳамвора сармашқи суханварони давраҳои баъдина гаштааст. Умдатарин хусусияти ашъори Рўдакӣ дар содагию равонии сухан ва вуҷуди андеша дар он аст. Фикру андеша ва матлабу мақсад хеле табиӣ ва бидуни такаллуф баён шудааст, ки дар онҳо тасвироту ташбеҳоти дур аз зеҳн ба назар намерасад ва дар фаҳми зебоию фасоҳати муъҷизаосои шеъри шоир хонанда ниёз ба шарҳу тафсир надорад.

Рўдакӣ дар таҳаввули авзони шеър ва такомули онҳо дар шеъри тоҷикӣ – форсӣ нақши бориз дорад ва ба иттифоқи кулли арўзшиносон, комилтарин маҷмўаи вазнҳои арўз нахустин бор дар ашъори Одамушшуаро зоҳир шудааст. Илова бар ин, дар даврони Рўдакӣ бисёре аз ашъор бо лаҳну оҳангҳои мусиқӣ хонда мешуданд ва ин амал имкон медодааст, ки қироати шеър дар ҳар вазне душворие пеш наоварад. Хусусияти дигари шеъри Рўдакӣ дар тозаву нав будани мазомин ва афкори шеърӣ аст, зеро шоир бо мавзўъҳое сари кор дошт, ки пеш аз ў суруда нашуда буданд. Ин тозагии мавзўъ ва мазомин боис шуда, ки шоири бузург таркиботи тозаву бадеъ, истиороти наву дилпазир, ташбеҳоти табиию воқеӣ офарад. Хидмати Рўдакӣ дар такомули забони тоҷикии форсӣ хеле бузург аст. Рўдакӣ ва муосиронаш ин забонро ба ҳадде такомул доданд, ки он ба забони меъёри илму адаб табдил ёфт ва дар тўли беш аз ҳазор сол хеле кам тағйир намуда, боиси мондагории он гардид. Ин забон дар тўли қарнҳои зиёд на танҳо ба мардуми Тоҷикистону Эрон, Афғонистон ва дигар форсигўён хидмат мекунад, балки чун забони байналмилалӣ дар ривоҷи илму адаб ва фарҳанги халқҳои Осиёи Марказию Қафқоз, Осиёи Хурд ва Ҳинду Покистон ва кишварҳои дигар таъсири қобили таваҷҷуҳ гузоштааст.

Ашъори Рўдакӣ дар сабку услуби басо содаву равон офарида шуда, ки ба ҳар як хонандаи форсизабон фаҳмост ва он ҳарчанд дар назари аввал хеле сода менамояд, эҷоди чунин шеър кори хеле мушкил аст. Аз ин ҷост, ки сабки ашъори ўро «саҳли мумтанеъ» меноманд ва ин гуна сабкро «шеъри Рўдакивор» низ гуфтаанд.

Омўзиши илмии рўзгору осори ин шоири бузург аз қарни XIX дар Аврупо шурўъ шуда, дар Русияву Амрико ва мамлакатҳои Шарқ идома меёбад ва бузургтарин шарқшиносони ҷаҳон ба қудрати шоирии ў баҳои сазовор додаанд. Имрўз рўдакишиносӣ на танҳо дар Тоҷикистону Эрон, балки дар эроншиносии ҷаҳон нақши муҳим дорад.

Андешаҳои волои инсондўстии Рўдакӣ имрўз дар замони ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) ва коста гардидани ахлоқу маънавият дар аксари кишварҳои мутараққии олам барои таҳкими арзишҳои умумибашарӣ хеле муассир ва муҳимманд. Андешаҳои ў на танҳо имрўз, инчунин фардо низ барои тарбияту ташаккули инсони комили сайёраи мо хидмати шоиста анҷом хоҳад дод.

Шарифмурод Исрофилниё

профессор

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram