21 сентябр дар остонаи рӯзи шоири классикӣ Тоҷик А,Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ва “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки донишмандону олимон ва ҳаводорони назму насри тоҷик дар толори Институти мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Президенти Академия, академик — Фарҳод Раҳимӣ мизи мудавварро бо муаррифии меҳмонон Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, Роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ Хонов Абдураҳмон ва Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар ҳусни оғоз бахшид.
Дар ҷамъомад рунамоии китоби тозанашри адиб Абдуқаҳҳори Қосим “Адибони дунё дар васфи Тоҷикистон” муарифи гардид. Донишмандон ва мунақидон китоби мазкур ҷамъоварии маҷмӯи мақолаҳо, нигоҳу андешаҳои адибони хориҷӣ дар васфи Тоҷикистон мебошад.