РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Панҷакент: Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил шуд

Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷакент бо баргузории ҳамоиши илмӣ – фарҳангӣ бо номи “Сухан Рӯдакивор некӯ бувад” дар толори Кохи Лоиқи шаҳр бо суханронии раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва ёдовари аз ин таъкиди Пешвои миллат дар бораи мақому ҷойгоҳи қофиласолори назми тоҷикӣ- форсӣ, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.

Ин ҳамоиш бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент баргузор шуда, дар он дар радифи қироати ашъори оламгири устод Рӯдакӣ, дар бораи ҷойгоҳи ӯ дар таърихи адабиёти тоҷикӣ- форсӣ, таъсири он ба осори баъдинагон, ҳунари шоирии устод сухан рафт.

Имрӯз Рӯзи Рӯдакӣ дар зодгоҳи Одамушшуаро – деҳаи Панҷруд ва шаҳри Панҷакент идома меёбад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram