РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзи Рӯдакӣ дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар ботантана таҷлил гардид

Бахшида ба ҷашни Рӯзи Рӯдакӣ, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 22 сентябр таҷлил мешавад, дар майдони назди муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Бохтар ҷамъомади тантанавӣ доир шуд. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Бохтар хабар доданд.

Дар ин ҳамоиш муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ муовини раиси шаҳр Қурбонзода Наргис, омӯзгорону хонанагони муассисаҳои таълими ва дигарон иштирок доштанд.

Сараввал муовини раиси вилояти Хатлон

Фирӯза Шарифӣ табрикоти раиси вилоят Қурбон Ҳакимзодаро ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ ба ҳозирин ироа намуд.

Зикр шуд, ки устод Рӯдакӣ шоири соҳибмактаб аст ва бо гузашти беш аз ҳазор сол осори ӯ байни мардум пойбарҷову маҳбуб аст.

— Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар сарнавишти халқи тоҷик аз нахустин суханварону андешамандони ояндабин буд, ки бо сухани баландмазмуни худ барои эҷод, бунёд ва рушди назму насри адабиёти тоҷику форс пояи устувор гузошт, — зикр кард Ф. Шарифӣ.

Рӯзи Рӯдакӣ – рӯзи шинохти тамаддуни миллӣ, забони модарӣ ва рамзи ҷовидонаи миллати фарҳангсози мост.

Дар идомаи чорабини Озар Салим, шоири Халқии Тоҷикистон, устодони факуллтаи филалогияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав доир ба дигар паҳлуҳои осори пурғановати Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маъруза карданд.

Дар интиҳо барномаи омода намудаи Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ки аз осори безаволи Одамушшуаро Рӯдакӣ омода гашта буд, манзури иштирок гардонида шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram