РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

С. Муҳриддин оид ба таҷовузи низомии Қирғизистон ба минтақаҳои назидсарҳадии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод

21 сентябри соли 2022 дар ҳошияи иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк субҳонаи кории вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД баргузор гардид. Зимни мулоқоти ғайрирасмӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Муҳриддин ҳамоҳангсозии мавқеи кишварҳои узви Созмонро оид ба рӯзномаи мубрами МУ СММ муҳим арзёбӣ кард. Дар ин чорабинӣ, С. Муҳриддин оид ба таҷовузи низомии Қирғизистон ба минтақаҳои назидсарҳадии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, ин амали кишвари мазкурро ҳамчун нақзи дағалонаи меъёрҳои ҳукуқи байналмилалӣ маҳкум намуд.

Вазирони корҳои хориҷӣ аҳаммияти қабули қатъномаи иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Ҳамкорӣ байни Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ»-ро, ки ба амиқтар шудани ҳамкориҳои созмонҳо мусоидат мекунад, қайд намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram