Дар доираи таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон филми «Муаллим»-и истеҳсоли Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва коргардони шинохтаи тоҷик Носир Саидов дар Берлин намоиш дода шуд. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.
Чорабинии фарҳангӣ дар ҳамкории муштарак бо Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон таҳти унвони «13-Уфуқҳо. Таърихҳо ва паёмҳо аз Аврупо то Осиёи Марказӣ» танзим гардида, ба он намояндагони мақомоти расмӣ, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ ва ҳаммеҳанони бурунмарзӣ даъват шуданд.