РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

ДДФСТ: бахшида ба “Рӯзи Рӯдакӣ” ҳамоиш баргузор шуд

22 сентябри соли равон дар толори “Арғунун” — и Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” чорабинии фарҳангӣ бахшида ба “Рӯзи Рӯдакӣ” баргузор гардид. Дар ин бора аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода хабар доданд.

Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, таъкид бар он намуд, ки “Дар таърихи пурифтихори миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёди мо агар Исмоили Сомонӣ бо бунёди аркони давлатдории миллӣ, гиромӣ доштани фарҳангу арзишҳои маънавии ниёгон ва ба сатҳи давлатӣ бардоштани забони тоҷикӣ хизматҳои шоён карда бошад, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо осори гаронбаҳо, сухани равону шево ва дурдонаҳои нодири ашъораш ба адабиёти тоҷику форс асос гузошт. Устод Рӯдакӣ на танҳо ба унвони поягузори шеъри форсии тоҷикӣ, балки ба сифати мубаллиғи фарҳанги миллӣ дар қаламрави тамаддуни ориёӣ ҷойгоҳи махсус дорад”.

Зикр гардид, ки устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ мақом ва ҷойгоҳи вижа дорад. Ҳанӯз аз замони зиндагиаш миёни ҳамасрон чун қофиласолори шеъри форсӣ эътироф гардидааст. Устод Рӯдакӣ ҳамчун тараннумгари накӯкорию адолат, дӯстию рафоқат, сулҳу субот ва муҳаббати миёни одамон шуҳрат ёфта, бо унвонҳои волои Одамушшуаро, Султони мулки сухан, Соҳибқирони шоирон, Сардафтари шеъри ноби тоҷику форс ёд мешавад. Устод дар асрҳои минбаъда аз ҷониби тазкиранависону адибон бо беш аз 50 унвони ифтихорӣ ёд шудаву бо сифатҳои зиёде васф шудааст.

Таъкид гардид, ки донишмандони ватанию хориҷӣ-Садриддин Айнӣ, Саид Нафисӣ, Шиблии Нӯъмонӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Шарифҷон Ҳусейнзода, Аълохон Афсаҳзод ва дигарон дар омӯзиши зиндагиву осори Рӯдакӣ ва дастраси мардуми олам гардонидани осору андешаҳои арзишманди ӯ заҳмат кашидаанд.

Сипас, муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аминӣ Алишер андеша ва назари худро оид ба осор ва ҷойгоҳи устод Рӯдакӣ дар мавзӯи “Фалсафа ва ҳикмат дар шеъри Рӯдакӣ”, мудири кафедраи филологияи тоҷик номзади илмҳои филологӣ, дотсент Иззатзода Зулайхо маърӯзаи омоданамудаашро дар мавзӯи “Ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар шеъри Муиззӣ” ироа намуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз тарафи устодону донишҷӯёни муассиса шеърҳо аз эҷодиёти устод Рӯдакӣ ва шеърҳои дар васфи ӯ сароидаи шоирони тоҷик қироат гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram