РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ТОЗАНАШР: «Эмомалӣ Раҳмон ва арзишҳои миллию умумибашарӣ»

Аз ҷониби муҳаққиқону устодони факултети филологияи Донишгоҳи миллӣ маҷмӯи навиштаҳои гуногунсамт ба истиқболи 70-умин солгарди Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Рӯзи забони давлатӣ бо номи «Эмомалӣ Раҳмон ва арзишҳои миллию умумибашарӣ» ба нашр расид. Дар ин бора аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Мураттиб ва муаллифи пешгуфтори китоб профессор Сироҷиддин Эмомалӣ буда, зери назари академики АМИТ Абдуҷаббор Раҳмонзода ва дастгирии раёсати донишгоҳ ба табъ расидааст.

Дар ин китоб, ки бо сифати баланд ба нашр расидааст, матолиби устодони шинохтаи соҳаи филология чун Абдуҷаббор Раҳмонзода, Муҳаммадюсуф Имомзода, Муҳаммаддовуди Саломиён, Умар Сафар, Мисбоҳиддини Назриқул, Урватулло Тоиров, Бадриддин Мақсудзода, Мирзо Солеҳов, Муҳриддин Низомӣ, Ҳафиз Раҳмон, Солеҳ Қосимзода ва дигарон фароҳам омадааст.

Муҳаррири масъули китоб адабиётшиносу публитсисти варзида Ҳафиз Раҳмон аст. Муқарризон профессорон адабиётшиносони шинохтаи ҷумҳурӣ Матлубаи Мирзоюнус ва Умар Сафар мебошанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram