РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Забон шиносномаи миллат аст

Забон ганҷинаи маънавии ҳар як миллат ба шумор рафта, бидуни он шахсиятеву миллате камол наёфтааст ва забони модарӣ барои онҳо воситаи муҳаббату садоқат ба соири пешаҳову касбҳо гардидааст. Сарбаландии мо тоҷикон аст, ки забони тоҷикӣ ҳамчун сарчашмаи хушкнашаванда давоми ҳазорсолаҳо фарзандони миллати моро камол бахшидааст. Ифтихори миллати сарбаланди мост, ки имрӯз аз минбарҳои баланд забони тоҷикӣ садо медиҳад. Дар байни ҳазорҳо забон дар рӯи сайёра забони тоҷикӣ дар радифи 150-200 забоне қарор гирифтааст, ки аз минбари баланди СММ садо медиҳад.

Дар ҳақиқат забони модарӣ барои ҳар як халқ саҳифаҳои таъриху шиносномаи он миллат ба шумор меравад. Забони тоҷикӣ буд, ки дар оинаи таърихи халқи мо дар арсаҳову ҷабҳаҳо пора-пора ҳастии моро ҳамчун сабтномаи бидуни баҳс нигоҳ дошта тавонист. Забони миллат нерӯи миллат гардида, касе онро ба коми нестӣ дода натавонист. Ҷои инкор нест, ки бо вуҷуди салтанати аҷнабиҳо, ки забони коргузориро дигар карда буданд, ин забон дар дилу дар замири халқ боқӣ монд. Ҳамчун қонуни эҳё дар забони гуфтугӯии халқ ҳастии худро нигоҳ дошт ва бо фаро расидани фурсатҳо доим худро аз нав зиндатар гардонидааст.

Забони гуфтугӯии мардум дар аксар ҳолат забони зиндаи халқ аст. Устод Айнӣ чунин нуқтаи ҳассоро дар як давраи хеле мураккаб хуб дарк намуда буд ва доим дар миёни халқ буду марворидҳои аз ҳалқа беруншударо боз ба ҳам меовард. Бо ҳамин махсусиятҳо устод Айнӣ дар асри гузашта ба курдилону нотавонбинон собит намуд, ки халқи тоҷик бо забону фарҳанги қадимии худ қадимтар аз дигарон аст. Ин қаҳрамони миллат медонист, ки Аморати Бухоро тоҷикони дар ѓафлатмондаро дар чорсўи таќдир овора кардаву аз сиёсату инќилобҳои таҳмилї њасудону нотавонбинон бо шевањои гуногун истифода бурда, мављудияти як халќи қадимиро инкор менамуданд. Устод Айнї њаммилатонашро ба донишу худшиносї даъват мекард ва ҷаҳолату парокандагии забонро муљиби бадбахтии тољикон медонист. Ў хуб дарк менамуд, ки дар лањзањои таќдирсўз забон чун рукни бузурги фарњанг миллатро наљот дода метавонад. Бо ҳама оҳанг иброз медошт, ки «вой бар њоли оне ки дар дунё зистаасту забон надорад» ва амиќан медонист, ки «забон лозим аст, то як ќавм дарди дили худро иброз кунад». Тољикони оѓози асри бист бо надоштани забони ягона, овораву сарсон буданд ва мулки тули ќарнњо пањновари худро бо ин иллат аз даст медоданд. Устод Айнї чун як нобиѓа воќиф буд, ки миллатро танњо забонаш чун як мењвари тавоно вањдат бахшида метавонад ва дар ин роҳ парчамбардор гардида, руҳияи миллиро боло мебурд.

Забони модарии ҳар як халқ дилу чашми он халқ аст ва ин дилу чашм ба олам нигариста, нахуст пайкари худро мебинаду месозад. Забони тоҷикӣ дар масири таърих ҳамин рисолатро ба иҷро расонидааст. Ин забон дар тӯли таърих барои мо сипар гардида, бо ранҷу кулфатҳо як порча замини моро нигаҳ дошта тавонист. Ба ин ваҷҳ саҳифаҳои таърих гувоҳанд, ки дар давоми солҳои гуногуни таърихӣ зарбаҳои ҷонкоҳро маҳз ин забон ба дӯш гирифтааст. Ин забон буд, ки дирӯзу имрӯз ҳасудони нотавонбин аз шарм муҳри хомӯшӣ ба лаб мезананд. Ҳар як ғосибу нотавонбин хеле хуб мефаҳмид, ки фанои забон фанои миллат аст ва фақат дар давоми ҳазор соли охир даҳҳо душмани нотавонбин дар мулки тоҷик дар навбати аввал талош кардааст, ки забони худро ҳукмрон намояд. Чун забони мо асолат дошт, касе натавонист, ки онро аз байн бубарад. Забони тоҷик аз азал муайянкунандаи марзу бум буд ва хоҳад монд. Тоҷик мулки паҳновар дошт. Душманҳои гадову ғосиб дар тӯли таърих ба қавли шоир ҳама чизро аз ӯ гирифтанд, аммо забони ӯро гирифта натавонистанд. Ҳар як фарди солимфикри аҳли башар чун боқазоват менигарад, марзу буми тоҷикро бо ин забон мушаххас карда метавонад. Тоҷик бо шумори фарзандонаш, бо фарҳанги ҷаҳонгираш империяи паҳновар дошт ва мулкҳои ӯ ҳама тоҷикнишин буданд.

Ҷаҳони феълӣ бо талаботу қонуниятҳои худ ҳолатҳои сахту сангинеро барои забону фарҳангҳо ба вуҷуд оварда истодааст. Ҷаҳонишавии фарҳангӣ боис гардида истодааст, ки забону фарҳангҳои кучаку нотавон аз байн раванд. Барои мо умедворкунанда он аст, ки забони шевои тоҷикӣ бо асолати таърихияш дар муқобили ҳама ҷараёнҳо устувору пойбарҷо боқӣ мемонад. Аллакай имрӯз собит гардидааст, ки халқҳои алоҳида бо шефташавӣ ба забонҳои дигар забони модарии худро аз даст додаанд. Мо забонҳои дигарро ҳатман меомӯзем, аммо ҳеҷ гоҳе мақоми забони аҷдодии худро дуюмдараҷа намеҳисобем. Омӯзиши забонҳои дигар муҳим аст ва муҳимтар аз он донистани забони модарӣ ба шумор рафта, заминаи аслии ҳама таълимоту донишҳо ин забони модарии ҳар як фард аст.

Забони тоҷикӣ то имрӯз омада расид ва ин маънои онро дорад, ки ин забон умри абад дорад. Ин забон забони илму фарҳанги ҷаҳонист. Имом Абуҳанифа, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Мавлонои Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Умари Хайём ва даҳҳову садҳо ба ин забон муҳри умри абадро бахшидаанд. Ҷаҳониён имрӯз бо ҳавасу мафтуншавиҳо осори фарзандони тоҷику форсро меомӯзанд ва ҳатман хоҳанд пурсид, ки ин забон чӣ забонест ва соҳиби ин забон кист? Забони тоҷик ширину гуворову дилнишин аст ва бесабаб нест, ки онро забони аҳли биҳишт гуфтаанд. Ин забон боҳарорат аз сабру таҳаммул, муҳаббату дӯстӣ ва ифоқаву ваҳдат садо баланд кардааст. Пойдории забони мо ҳамин сифат аст. Забони тоҷикӣ соҳибҳиммат аст ва алфозу калимоти он дар забони халқҳои дигар бо ҳамин сифат ҷорӣ мебошад.

Ҳифзи забон ва муҳаббат ба он кафолати ҳастии миллат барои ояндаҳост. Истиқлолият пояи забони модарии моро усутувортар гардонид. Роҳбари давлати мо аз ҳама минбарҳо бо забони шевои тоҷикӣ сухан мегӯянд ва дар баланд гаштани мақоми забони модариямон саҳми бузург гузоштаанд. Бо ин забон дар даврони истиқлолият мо ваҳдати миллатро сохтаем. Бо ин забон аз минбарҳои бузурги фарҳангӣ фарҳанги халқи мо муаррифӣ мегардад. Гиромидошти Рӯзи забони тоҷикӣ ба он ваҷҳ аст, ки мо бояд арзишу ҷойгоҳи забони модариро боз ҳам баланд барем. Миллати тоҷик забони худро ҳамчун шиноснома ва сипари бузург то ин дам нигоҳ доштааст ва ин маънои онро дорад, ки забони шевои тоҷикӣ умри абад дорад. Зеро ин забон забони муҳаббат, забони таҳаммул ва забони ваҳдату ифоқаҳост.

Бахтиёри Қутбиддин

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram