РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафири Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода аз вазъи мактаби тоҷикии ноҳияи Бустонлики вилояти Тошканд огоҳ шуд

1 октябри соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода аз вазъи мактаби таҳсилоти умумии рақами 42 маҳаллаи Боғистони ноҳияи Бӯстонлики вилояти Тошканд огоҳ шуд. Дар ин бора аз Сафорти Тоҷикистон дар Ӯзбекистон хабар доданд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода нахуст аз бинои мактаб дидан намуда, бо синфхонаҳои информатика, забон адабиёт ва китобхонаи мактаб шинос шуд.

Сипас, дар саҳнаи мактаб мулоқоти Сафир бо иштироки фаъолони ноҳияи Бӯстонлик, омӯзгорон, толибилмон ва гурӯҳе аз падару модарон доир гардид.

Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳозиринро бо рӯзи омӯзгорон самимона табрик намуда, оид ба дӯстиву рафоқат миёни тоҷикон ва ӯзбекон суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки тавсеа ва густариши ҳамкории судманди ду кишвари дӯст, аз иродаи қавии сиёсӣ ва муносибатҳои наздику бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев сарчашма мегирад. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки бо ташаббуси сарварони ду давлати ҳамҷавор дӯстиву рафоқат байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беш аз пеш мустаҳкам гардида, ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар тамоми соҳаҳо тавсеа меёбанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram