РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бахшид ба Рӯзи забони давлатӣ: Ҳастии миллат ва бақои давлат

Забон ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ, натиҷаи фаъолияти интеллектуалӣ, вокуниши одам ба ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур аст. Он хотираи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллат мебошад. Равшаниест, ки қудрат ва тавоноии худро дар ҷараёни ниҳоят мураккабу пурпечу тоби таърихӣ, ки аз муборизаҳо, бурду бохтҳо ва садоқату хиёнатҳо иборат аст, ба намоиш мегузорад.

Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии олам ба ҳисоб меравад ва дар ин хусус таҳқиқоти зиёди илмӣ анҷом дода шудаанд. Решаҳои забони тоҷикӣ ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ пайваст аст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таъкид намуданд: “Забони ширину шевои тоҷикӣ муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки дар даврони истиқлол ва дар марҳалаи бунёди давлатдории миллӣ рисолати миллатсозиву давлатсозии худро бо рангу ҷилои тоза идома бахшида истодааст.

Маҳз ҳамин забони ноби модарӣ халқи моро дар тӯли зиёда аз панҷуним ҳазор сол бар зидди тамоми бадбахтиҳову тохтутози аҷнабиён муттаҳиду сарҷамъ нигоҳ доштааст ва ба миллати тоҷик умри ҷовидонӣ бахшидааст”.

Шароит  ва  фазои  мусоиди  сиёсиву  иҷтимоӣ барои рушди  минбаъдаи  забони  давлатӣ дар  асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва силсилаи  тадбирҳои  дигари Ҳукумати мамлакат  фароҳам овардааст. Вақти он расидааст, ки масъалаи ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ, ки яке аз  масъалаҳои  бисёр  муҳимми  инкишофи  он мебошад, бо татбиқи стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ ба пуррагӣ ҳалли худро ёбад.  Масъалаи истилоҳот ва махсусан таҳияи истилоҳоти илмӣ, ки барои ба забони илм табдил ёфтани забони мо аҳаммиятнок аст, то ҳол ба андозаи зарурӣ ҳал нашудааст. Ин масъаларо ҳарчанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид кардаанд ва боз таъкид намуданд, вале аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор барои иҷрои ин кор тадбирҳои мушаххас камтар андешида мешавад. “Дар замони муосир қудрату тавоноии ҳар як забон дар баёни матлаби илмӣ зоҳир мегардад ва бақову мондагории забон ба доираи истифодаву корбурди он дар илм вобаста мебошад.

Бинобар ин, олимони моро зарур аст, ки барои ҳамқадами замон гардонидани забони тоҷикӣ ва ба пояи баланди забони илм расонидани он кӯшиш намоянд.

Бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи илмии кишвар ба фаъолият оғоз намудани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани таълифи рисолаҳои илмӣ бо забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм иқдоми саривақтӣ мебошад”.

Пешвои миллат инчунин таъкид намуданд, ки дар ин раванд, на ба миқдор, балки бештар ба сифати рисолаҳои илмии анҷомёфта таваҷҷуҳ зоҳир гардад. Рисолаҳои донишмандон ва муҳаққиқону унвонҷӯён бояд дар сатҳи баланди илмии ҷавобгӯй ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ таълиф шаванд, то ки дар пешрафту ғановати забони илмии тоҷикӣ саҳми сазовор гузоранд ва  Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи забон ва истилоҳотро зарур аст, ки ба забони рисолаҳои илмии дифоъшаванда ва истилоҳоти илмӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Дар ин раванд, махсусан, амалӣ кардани Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки 29-уми ноябри соли 2020 қабул гардид ва дурнамои рушди забони моро барои даҳ соли оянда дар бар гирифтааст, бениҳоят зарур аст.

Дар ҳақиқат забон аст, ки миллати мо дар масири таърих фарҳангу ойинҳои худро аз даст надод, зеро бо ҳамин забон онро китобат карда ва ба ҷаҳониён шиносонд. Дар баробари ин забони тоҷикӣ ҳамеша дар раванди давлатсозӣ ва давлатдории мо нақши ҳалкунанда доштааст ва дорад. Ин нуктаро суханҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам тақвият медиҳанд: “Маҳз ба ҳамин далел забон дар раванди барпо кардани давлати миллӣ ҳамчун унсури аввалия ва рукни бунёдии давлатдорӣ нақши ниҳоят муҳим ва сарнавиштсоз дорад. Аз ин рӯ беэътиборӣ ё беэҳтиромӣ нисбат ба забон қотеътарин далели надоштан ё гум кардани ҳисси миллӣ мебошад”.

Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои рушди минбаъдаи забони давлатӣ, дар навбати аввал, бояд тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд, мо зикри онро зарур мешуморем: “Якум. Риояи покизагии забон. Яъне, зарур аст, ки мо асолат ва покизагии забони худро нигоҳ дорем ва аз истифодаи безарурати калимаҳо аз забонҳои дигар худдорӣ кунем.

Дар баробари омӯхтани забонҳои хориҷӣ, ба омӯзиши забони адабии тоҷикӣ таваҷҷуҳи боз ҳам бештар зоҳир намоем.

Забони адабии тоҷикиро хуб донем ва омӯзиши забонҳои хориҷиро дар заминаи забони модарӣ ва бо истифодаи васеи имкониятҳои он ба роҳ монем.

Дуюм. Фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳот, Академияи миллии илмҳо ва дигар вазорату идораҳо дар самти ба вуҷуд овардани захираи рақамии забони тоҷикӣ бештар тақвият дода шавад, зеро ин омил ба мондагории забони тоҷикӣ дар замони ҷаҳонишавӣ мусоидат менамояд.

Хотирнишон менамоям, ки чунин иқдом дар аксари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон натиҷаҳои хуб дода истодааст.

Зарур дониста мешавад, ки ба хотири дастрасии ҳарчи бештари алоқамандон нусхаҳои электронии фарҳангҳои муътамад, аз қабили «Луғати фурс», «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс–ул–луғот», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Рашидӣ», «Баҳори Аҷам», «Фарҳанги Онандроҷ», «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Луғатнома»-и Деҳхудо ва дигар фарҳангу истилоҳномаҳои соҳавӣ бо алифбои имрӯзаи тоҷикӣ ба шабакаҳои иҷтимоиву иттилоърасонӣ ворид карда шаванд.

Сеюм. Яке аз масъалаҳое, ки то имрӯз аз мадди назар дур мондааст, омӯхтани ҷанбаҳои назариявии забони бостонии тоҷикӣ ва омода кардани мутахассисону муҳаққиқони забонҳои авастоӣ, суғдӣ ва бохтарӣ мебошад, ки сарчашмаи забони ширину шевои мо ба ҳисоб мераванд.

Академияи миллии илмҳо ва дигар ниҳодҳои илмиву таълимӣ бояд сари ин масъала ҷиддӣ андеша намоянд.

Илова бар ин, тарғиби забони тоҷикӣ, тавассути расонаҳои ҷаҳонии интернетӣ нашр кардани осори оламшумули назму наср ба ин забон аз муҳимтарин омилҳои густариши забони тоҷикӣ дар давраи ҷаҳонишавӣ маҳсуб мешавад.

Дар ин раванд, арзиши маънавию маърифатии забонро баланд бардоштан ва забони адабии гуфтугӯиро тақвият додан низ бисёр муҳим ва зарур мебошад. Аз ин лиҳоз ҳоло зарурати таҳияи луғати мукаммали забони тоҷикӣ бо фарогирии калимаҳои умумиистеъмолии рӯзмарра, яъне китоби рӯйимизии ҳар як тоҷик ва алоқамандони омӯзиши ин забон пеш омадааст”.

Имрӯз дар Тоҷикистон баъзе воситаҳои ахбори омма низ фаъолият доранд, ки забони онҳо ба талаботи забони меъёр ҷавобгӯ нест. Дар маводди нашр намудаи онҳо меъёрҳои муқарраргардидаи забони адабӣ ва қоидаҳои қабулшудаи имло риоя намешаванд. Махсусан, забони воситаҳои ахбори оммаи интернетӣ ва умуман маводди интернетии бо забони тоҷикӣ нашршуда қобили қабул нест. Ин зуҳурот ҳамчунин боиси ба забон роҳёфтани унсурҳои бегонаи ғалат ва бегона гардида истодааст. Ба таъбири Пешвои миллат “Акнун замоне фаро расидааст, ки мо низ бояд мисли дигар кишварҳои пешрафтаву мутамаддин пайваста дар андешаи пок ва солим нигоҳдоштани забони давлатии худ бошем, вуруди ҳар як унсури навро ба забон дар асоси меъёрҳои адабӣ танзим намоем ва дар навбати аввал ба ҳама гуна ғалатгӯиву ғалатнависӣ хотима бахшем”.

Ҳамин тавр, вазифаи ҷонии мост, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат пурра риоя шудани меъёрҳои забони давлатиро таъмин намоем. Дар ин радиф, нависандагону шоирон, олимону адибон, кормандони  васоити  ахбори  омма,  бахусус, телевизиону  радио,  рӯзноманигорон  ва дигар зиёиён барои рушду нумуи забон, поку шево ва бегазанд нигоҳдоштани он саҳми муносиб гузошта метавонанд, зеро забон ҳастии миллат ва бақои давлат аст.

Абдурозиқ МАРДОНӢ,

рӯзноманигор

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram