РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суҳбати телефонии Пешви миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ баргузор намуданд.

Дар оғози суҳбат Президенти Қазоқистон Сарвари давлати моро бо ҷашни зодрӯзашон самимона табрик карда, ба Пешвои миллат сиҳатмандии комил, некрӯзӣ ва дар фаъолияташон комёбиҳои бузург, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу амонӣ ва шукуфоӣ орзу намуданд.

Сарони давлатҳо раванди рушди афзояндаи ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистонро зикр карда, атрофи ҳолати имрӯзаву дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон мубодилаи афкор анҷом доданд.

Ба рӯзномаи мулоқотҳои қарибулвуқӯи сатҳи олӣ дар Астана таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Дар суҳбати телефонӣ Президентҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамчунин нисбат ба масоили алоҳидаи рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми тарафайн ибрози назар намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram