РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон ифтитоҳ шуд

3 октябри соли 2022 дар Муҷтамаи фарҳангии Аббосободи шаҳри Теҳрон маросими бошукуҳи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иштироки шахсиятҳои намоёни сиёсӣ, фарҳангӣ, адабӣ ва аҳолии Теҳрон баргузор шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Маросимро вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдии Исмоилӣ ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Сипас барномаи шеър ва суруди Тоҷикистон шурӯъ гашт, ки мавриди истиқболи гарми аҳли толор қарор гирифт.

Дар маросим ҳамчунин намоиши аксҳо ва мусаввараҳо, ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ баргузор гашта, меҳмонони Рӯзҳои фарҳангӣ бо меваҷот ва шириниҳои тоҷикӣ пазироӣ карда шуданд.

Дар Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки як ҳафта идома мекунад, намоишномаи театрии “Дирафши ковиёнӣ”, ки Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов омода намудааст, барномаҳои консертии ҳунармандони маъруфи тоҷик, Шаби шеър бо иштироки шоирони шинохтаи тоҷик ва ҳузури адибони эронӣ ва намоиши филмҳои “Муаллим” ва “Роҳ”-и синамогари тоҷик Носир Саидов  ҳамчунин дар шаҳрҳои Шерозу Табрез дар назар аст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram