РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Остона нишасти VI МҲТБО ба кор оғоз намуд

Дар Остона кори нишасти VI Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) оғоз гардид. Дар нишаст сарварони 11 давлат ширкат доранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АБИ «Казинформ».

Нишасти VI Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки таҳти раёсати Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев баргузор мешавад, ба 30-юмин солгарди ташаббуси даъвати МҲТБО бахшида шудааст.

Пойтахти Қазоқистон тайи ду рӯз меҳмонони олиқадрро пазироӣ  менамояд. Сарони давлатҳо, ки ба чорабинии бузурги байналмилалӣ даъват шудаанд, вориди Остона гардиданд.

Дар нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё сарони 11 давлат – президентони Озарбойҷон, Ироқ, Эрон, Қирғизистон, Фаластин, Тоҷикистон, Россия, Туркия, Узбекистон, амири Қатар, инчунин ноиби президенти Ветнам, ноиби раиси ҶМЧ ва панҷ вазир иштирок менамоянд. Президенти Беларус, ки нозири давлатии МҲТБО маҳсуб мешавад, низ вориди Остона гардид.

Ташаббуси МҲТБО аз ҷониби Қазоқистон соли 1992 дар иҷлосияи 47-уми Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод шуда буд. Ҳадафи асосӣ ва самти фаъолияти он- таҳкими ҳамкорӣ тавассути таҳияи равишҳои бисёрҷониба барои таъмини сулҳу амният дар Осиё мебошад. Аз замони таъсис ҳайати МҲТБО бо 27 кишвари узв пурра гардида, 90% қитъаи Осиёро фаро гирифт.

Ёдовар мешавем, ки нишасти қаблӣ- V МҲТБО 15 июни соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда буд. Нишасти  панҷум шумораи зиёди сарони давлатҳо ва ҳукуматҳоро дар сатҳи баланд ба ҳам овард. Дар нишаст сарони давлату ҳукуматҳои 27 кишвари минтақа ва дигар шахсони баландпоя, инчунин ноиби президент, вазирони корҳои хориҷӣ ва сафирон ширкат доштанд.

Қаблан дар бораи нақшаи табдил додани МҲТБО ба созмони комилҳуқуқи байналмилалӣ иттилоъ расида буд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram