РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд: дар мавзуи «Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олӣ — руйдоди нодир дар таърихи Истиқлолият» конференсияи илмӣ доир гардид

Дар идомаи мантиқии силсилаи чорабиниҳои илмию оммавӣ ва методӣ, ки дар доираи ҳафтаи сиёсӣ ба муносибати таҷлили 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд доир гардиданд, 11-уми ноябр конференсияи илмӣ дар мавзуи «Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — руйдоди нодир дар таърихи Истиқлолият» баргузор шуд.

Дар ҳамоиш меҳмонон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят, олимону устодон, омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос, омўзгорон ва толибилмони Гимназияи №2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамъ 120 нафар иштирок намуданд.

Чорабиниро директори филиали донишкада Исомаддинзода Муҳаммад Эргаш ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро аз номи ҷомеаи меҳнатӣ ва олимону устодони филиали Донишкада хайрамақдам гуфт ва роҷеъ ба моҳият ва аҳамияти таърихии ин анҷумани сарнавиштсози миллат дар таърихи давлатдории навини миллӣ муфассал ибрози андеша намуд. Дар суханронӣ аз ҷумла зикр гардид, ки Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли равон мардуми шарафманди кишвари азизамон 30-юмин солгарди онро бо дастовардҳои бузург ҷашн мегиранд, воқеан  ҳам ҳамчун падидаи нодири сиёсӣ дар таърихи давлатдории навини мо нақши тақдирсоз дошта, марҳилаи истиқлолияти воқеии кишварамонро оғоз бахшид. Бо гузашти замон нақш ва мақоми ин падидаи нодири таърихӣ дар таҳкими асосҳои давлатдории миллӣ хеле муҳим ва тақдирсоз арзёбӣ гардида, мавриди пажўҳиши густурдаи муаррихону ҷомеашиносони кишвар қарор гирифтааст.

Масири рушду такомули давраҳои ниҳоят барои тақдири миллату давлат муҳиму созанда бо ин падидаи сиёсӣ робитаи амиқ пайдо намуда, мояи ифтихор ва сабақи таърихиву воқеии ҳар як нафар фарди худшиносу худогоҳ ва ватандўсти кишвари маҳбубамон ба ҳисоб меравад. Ба андешаи коршиносон ин анҷумани саодату сарнавиштсоз ва наҷотбахш дар таърихи халқу миллати мо ба раванди хештаншиносӣ ва худогоҳию худшиносии миллӣ такони бузург бахшида, сафҳаи наверо дар таърихи давлатдории тоҷикон рақам зад ва натиҷаи ғалабаи ақли солиму созанда буд, ки моро ба ин рўзи босаодат расонид.  Аз мавқеи имрўзи дурахшон ба раванди воқеаву рӯйдодҳои он рўзи зиндагӣ назар афканем, фаъолияти амалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз суханрониҳои нахустинашон дар ин Иҷлосия ба дилу дидаҳои мардум роҳ ёфта, меҳру муҳаббат, боварии мардуми кишварро  ба ояндаи дурахшону босубот афзун намуданд, ҳисси ифтихори ватандории ҳар як сокини мамлакатро даҳчанд афзун месозад.

Воқеан, меҳнату заҳматҳои фидокорона ва талошҳои пайвастаи  Сарвари давлатамон дар самти пойдории сулҳ дар кишвар, рушду нумўи бесобиқаи Тоҷикистон, густариши обрў ва нуфузи он дар арсаи сиёсати байналмилалӣ боиси ибрати бузурги ватандорӣ ва ифтихори ҳар як нафар фарди ватандўсти кишвари маҳбуб аст.

Сипас, тибқи барнома дар мавзуи «Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабақи таърихии он» мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон,  доктори илмҳои таърих, профессор Нўъмонҷон Ғаффорӣ, таҳти унвони «Иҷлосияи сарнавиштсоз ва интихоби роҳи давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ» номзади илмҳои таърих, дотсенти МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Шавкат Шарифов, дар мавзуи «Рўйдоди бузург ва сарнавиштсози даврони Истиқлол» омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарии ФДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд, иштирокчии Иҷлосия Ҳакимҷон Дадобоев маърўзаҳои илмӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram