РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо ятимон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд суҳбат анҷом доданд

29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо ятимон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Барои ин гурӯҳи наврасон хони Наврӯзӣ ва барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.

Ҳамчунин дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи ғамхориҳо нисбат ба ятимон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар наврасон маҷмӯи сару либос, китоб, маблағи пулӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд. Ин ҳолат хушҳолию фараҳи кӯдаконро афзун намуд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дастгирии ятимону бепарасторон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ҳар як ҷашну маросим ба онҳо кумак расонида мешавад. Ҳамзамон марҳила ба марҳила таҳким бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон имкон дод, ки сифати нигоҳубин ва таълиму тарбия дар онҳо беҳтар гардида, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда таҳти ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат қарор дода шавад ва дар оянда ҳамчун шахсони фаъолу комилҳуқуқи ҷомеа ба камол расанд.

Бунёду навсозии мактаб-интернатҳо ва фароҳам овардани шароити замонавии зист ва таҳсил барои ятимону бепарасторон намунаи олии дастгириҳои доимии Роҳбари давлат дониста мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram