РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ба ташхис ва табобати ройгон фаро гирифта шуданд

Бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, ташхис ва муоинаи ройгони шаҳрвандон ва дар ин замина баланд бардоштани фарҳанги солимии аҳолӣ давоми солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи «Корвони саломатӣ» ташкил ва баргузор карда мешавад. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи ин чорабинӣ нақлиётҳои махсуси сайёри тиббӣ бо навтарин таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ ва бо мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун ба шаҳру навоҳии мамлакат сафар намуда, сокинонро ба ташхис ва муоинаҳои ройгон фаро мегиранд.

Имрӯз, 29 марти соли равон чорабинии марказонидашудаи “Корвони саломатӣ” ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф овард.

Дар доираи ин чорабинии марказонидашудаи тиббӣ сокинони ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби 16 табиби ботаҷриба, аз ҷумла асабшинос, дилшинос, терапевт, гинеколог ва стоматолог ба ташхис ва муоинаи ройгон фаро гирифта шуданд.

“Корвони саломатӣ” субҳи имрӯз дар назди Маркази саломатии ноҳияи Мастчоҳ, дар шаҳраки Бӯстон ба қабули беморон оғоз кард. Қарор аст, ки ин чорабинии тиббӣ то 6 апрели соли равон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба кори худ идома диҳад.

Бояд гуфт, ки “Корвони саломатӣ” бо истифода аз нақлиёти махсуси сайёр, ки дорои дастгоҳҳои зарурӣ, аз ҷумла таҷҳизоти рентгенӣ, ташхисӣ, стоматологӣ, кардиологӣ ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ мебошанд, сокинони ноҳияро аз муоинаи ройгон мегузаронанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram