РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ХУШХАБАР! Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тоҷикистонро давлати аз вараҷа озод эътироф кард

Имрӯз Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) иттилоъ дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи 42 давлате шомил гардид, ки бар зидди бемории вараҷа пирӯз шудааст, хабар  медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи СУТ.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз Ҷумҳурии Озарбойҷон низ ба ин феҳрист шомил гардид.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон ва Озарбойҷон барои аз байн бурдани бемории вараҷа дар қаламравҳояшон сертификат додааст.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 инҷониб ҳодисаҳои маҳаллии бемории вараҷа ба қайд гирифта нашудааст.

Дар робита ба гузаронидани сертификатсияи Тоҷикистон ҳамчун «давлати аз вараҷа озод» аз 17 то 26 октябри соли 2022 Миссияи Бюрои минтақавии Аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз Тоҷикистон дидан намуд.

Бояд гуфт, ки моҳи сентябри соли 2021 аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва директори Бюрои минтақавии Аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба гузаронидани сертификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «давлати аз вараҷа озод» дархост пешниҳод гардида буд.

Дар асоси ин дархост Комиссияи коршиносони мустақили байналмилалӣ дар ҳайати профессорон Педро Алонсо ва Фред Бинка, инчунин намояндаи Бюрои минтақавии Аврупоии СУТ доктор Ҳонг Ли ба Тоҷикистон омад.

Моҳи октябри соли 2022 ҳайати Комиссияи байналмилалӣ аз Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе ва инчунин марказҳои мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ ва муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Дарвоз, Ш. Шоҳин, Ваҳдат ва Восеъ боздид намуд. Онҳо бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ шинос шуда, ба фаъолияти онҳо ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вараҷа давоми 10 соли охир баҳо гузоштанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram